Медали нуқраи Акмалиддин Каримов дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо

Варзишкори шинохтаи тоҷик Акмалиддин Каримов дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо мақоми дуввумро аз худ кард

ДУШАНБЕ, 8 ноя – Sputnik. Паҳлавони тоҷик Акмалиддин Каримов дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки дар шаҳри Нови-Сади Сербия ҷараён дорад, барандаи медали нуқра шуд.

Комроншо Устопириён завоевал золото Гран-при Анталии-2018  - Sputnik Тоҷикистон
Медали биринҷии Комроншоҳи Устопириён дар Қаҳрамонии ҷаҳон

Аз Кумитаи миллии олимпии кишвар гуфтанд, Акмалиддин дар вазни то 57 кило то ба финал расиданаш се қувваозмоиро бо пирӯзӣ анҷом дод.

Ба иттилои манбаъ, ҳарифи нахустини паҳлавони тоҷик  Нгуен Рубин аз Фаронса, Бектош Назаровро аз Ӯзбекистон ва Андрей Лашичук аз Украина буд.

Дар даври финалӣ Акмалиддин Каримов аз варзишкори рус Владимир Гладких шикаст хӯрда, барандаи ҷойи дуввум ва медали нуқра гашт.

Акмалиддин Каримов аз варзишкорони шинохтаи кишвар аст, ки ҳамасола дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо ширкат меварзад.

То кунун ӯ дар чунин мусобиқот медалҳои биринҷиву нуқраро ба даст оварда, талошҳояш танҳо барои дастёбӣ ба медали тиллост.

Қаҳрамонии самбо бидуни тамошобин дар Сербия баргузор мешавад

Ёдовар мешавем дар ин мусобиқот ҳамзамон варзикорони дигар Комроншоҳи Устопириён ва Самеъҷон Абдушукуров, медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала