Боздошти мансабдори ҳукумати Бохтар: 80 ҳазор сомонии Собировро гирифту Ҳаҷ нафиристод

© Sputnik Конверт с деньгами, архивное фото
Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон як корманди ҳукумати шаҳри Бохтарро барои суистифода аз мақоми хизматияш боздошт кардааст

ДУШАНБЕ, 11 ноя - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Абдураҳмонов А.А. дар мансаби мутахассиси Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони Дастгоҳи Раиси шаҳри Бохтар кор карда истода, мақоми хизматияш суистифода кардааст.

Сомони в конверте, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти Абдуллоев, мақомдори САҲШ ҳангоми порагирӣ

Ба иттило манбаъ, моҳи феврали соли 2020 номбурда аз шаҳрванд Сабиров Р.Р. барои барасмият даровардани ҳуҷҷатҳо оид ба зиёрати Каъба мавсими Ҳаҷ-2020 рафтани номбурда маблағи 80000 сомонӣ талаб карда гирифта, ба манфиати охирин ягон амалро иҷро накарда, маблағи мазкурро тасарруф намудааст.

Боздошти нозири барқ барои фиреби сокинон дар пойтахт

  Оҷонсӣ мегӯяд, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Абдураҳмонов А.А. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд фиристода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала