"Чашми кӯдакам варам кард": ҷаримабандии ронандае, ки мусофирон аз ӯ шикоят карданд -навор

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешПассажиры в маршрутке, архивное фото
Пассажиры в маршрутке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мусофирзане дар ин навор ронандаро ба паст кардани суръати ҳаракати мошин даъват мекунад. Ӯ мегӯяд, аз тез рондани ронанда, чашми кӯдаки ӯ лат хӯрд ва варам кард

ДУШАНБЕ, 10 ноя - Sputnik. Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе, ронандаеро дар асоси як навори корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, боздошт намуданд. 

Котиботи РВУД дар пойтахт хабар медиҳад, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ирсол намудани наворе, аз онҳо дархост карданд, ки нисбати ронанда чораҳои қонунӣ андешида шавад. Ин фард ронандаи нақлиётӣ ҷамъиятӣ буда, мошинро ба ҳадде тез меронд, ки боиси озори мусофирон гардидааст.

 Зимнан, кормандони РВУД дар шаҳри Душанбе, мавсуфро боздошт намуданд. Муайян гардид, ки номбурда Саидов Давлатмирзо сокини 27 - солаи ноҳияи Рӯдакӣ аст.

Машина милиции в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Шумораҳои воҳима": боздошт ва муҷозоти 29 ронанда - видео

Манбаъ меафзояд, нисбати номбурда барои баланд намудани суръати ҳаракат, ки боиси озори мусофирон гардидааст протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуд.

Ташкили пойгаҳи шабона дар Душанбе: ронандаҳо боздошту ҷазо дода шуданд - навор

Ҳамзамон воситаи нақлиёт дар ҷаримагоҳи муваққатӣ ҷойгир карда шуда, барои дар оянда эҳтиром гузоштан нисбати мусофирон ва риояи ҳатмии Қоидаҳои ҳаракати роҳ ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.

Гузашта аз ин, ба Саидов ҳушдор дода шуд, ки дар сурати такрори чунин қоидавайронкунӣ аз ҳуқуқи идора намудани воситаи нақлиёти ҷамъиятӣ маҳрум карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала