Лукашенко нерӯгоҳи ҳастаиро ба истифода дод - навор

Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус нерӯгоҳи ҳастаиро фаъол кард, ки нахустин чунин нерӯгоҳ дар кишвар мебошад

Маросими бошукуҳи ифтитоҳи нахустин нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Белорус ахиран бо иштироки Александр Лукашенко баргузор шуд.

Президент Беларуси Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон
"Бо модарам падруд гуфта будам": Лукашенко дар бораи ҳамла ба Раҳмон гуфт - видео

Инчунин дар маросим, котиби давлати иттиҳодӣ, Григорий Рапота, мудири  "Росатом" Алексей Лихачев  ва сафири Русия дар Белорус, Дмитрий Мезентсев иштирок доштанд.

Нахуст раисиҷумҳури Белорус аз чархбол ҳудуди нерӯгоҳи ҳастаиро тамошо карда, аз маркази идораи нерӯгоҳ боздид намуд. Зимни суханронӣ Лукашенко эълон кард, ки Белорус абарқудрати ҳастаӣ шуду аз орзуяш барои бунёди боз як нерӯгоҳи ҳастаии дигар суҳбат намуд.

Ӯ таъкид намуд, ки ифтитоҳи нерӯгоҳ қадами бузург ва марҳилаи ҷадид дар истиқлоли Белорус мебошад.

Нерӯгоҳи ҳастаии Белорус дар наздикии шаҳри Островетс дар вилояти Гродний ҷойгир мебошад, ки тибқи лоиҳаи русиягӣ сохта шудааст. Дар нерӯгоҳ ду реактори ВВЭР-1200 насли 3+ насб гардидаанд. Истифодаи саноатии нерӯгоҳ дар моҳҳои аввали соли 2021 оғоз хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала