Акмалиддин Каримовро дар Душанбе бошукӯҳ пешвоз гирифтанд

© МВД РТВстреча серебряного призера чемпионата мира по самбо Акмалиддина Каримова
Встреча серебряного призера чемпионата мира по самбо Акмалиддина Каримова  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Акмалиддин Каримовро дар фурудгоҳи Душанбе роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи самбои кишвар пешвоз гирифтанд

ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Лейтенанти калон Акмалиддин Каримов, мураббии дастаи варзишии қисми низомии 5453 Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, ки дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар вазни 57 кило баромад намуда, ҷойи дуюмро ба даст овард ва бо медали нуқра ба Ватан баргашт.

Комроншох Устопириён завоевал бронзу на чемпионате мира по самбо   - Sputnik Тоҷикистон
Усули оташини Устопириён: чӣ гуна паҳлавони тоҷик варзишкори арабро шикаст дод - видео

Бино ба гузориши Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, варзишгари муваффақро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи самбои кишвар, ҳамкорону ҳамкасбон, устодон, ёру дӯстон, варзишгарону шогирдони номбурда дар фазои тантанавӣ ва меҳмоннавозии тоҷикона пешвоз гирифтанд.

Қаҳрамонии ҷаҳонӣ аз 5-ум то 9-уми ноябри соли ҷорӣ, дар шаҳри Новий Сади Сербия доир гардида, дар он намояндагони кишварҳои зиёди ҷаҳон ширкат доштанд.

Дар ин сабқат Акмалиддин Каримов дар чанд марҳила ба рақибони худ аз кишварҳои Фаронса, Ӯзбекистон ва Украина дастболо гардида, дар даври ниҳоӣ танҳо аз варзишгари русиягӣ - Владимир Гладких шикаст хӯрд.

© МВД РТВстреча серебряного призера чемпионата мира по самбо Акмалиддина Каримова
Акмалиддин Каримовро дар Душанбе бошукӯҳ пешвоз гирифтанд - Sputnik Тоҷикистон
Встреча серебряного призера чемпионата мира по самбо Акмалиддина Каримова

Медали нуқраи Акмалиддин Каримов дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо

Бо ҳамин барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон гардида, парчами Ватани азизи хешро дар арсаи байналмилалӣ барафрохт.

Бояд қайд намуд, ки Акмалиддин Каримов қаблан 4 карат барандаи медали нуқра ва 3 медали биринҷии Қаҳрамониҳои ҷаҳон миёни ҷавонон, 2 карат қаҳрамони ҷаҳон миёни наврасону ҷавонон, 5 карат қаҳрамони Осиё, 5 карат қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон буда, 16 карат ғолиби чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин барандаи дигар ҷоизаву мақомҳои ифтихорӣ дар сатҳи байналмилалию ҷумҳуриявӣ мебошад.

Акмалиддин Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон оид ба самбо мебошад.

Ёдрас мешавем, ки дар баробари Акмалиддин дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо Комроншоҳи Устопириён мақоми сеюм ва Хушқадам Хусравов медали нуқраро ба даст оварданд.

Лентаи хабарҳо
0