"Аҳволаш хуб нест": Ҳошим Гадо аз "вируси корона" бистарӣ шудааст

© SputnikХошим Гадо. Архивное фото
Хошим Гадо. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳошим Гадо, коргардон ва ҳунарманди хушноми театру синамои тоҷик дар Шифохонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии Душанбе, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон, бистарӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Мавсуф дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба Sputnik Тоҷикистон вазъи худро хуб арзёбӣ карда, гуфт, ҷое барои нигаронии мухлисонаш нест.

"Духтурон шабу рӯз нигоҳубинам доранд. Ҳозир ҳам омадаанд, ки доруям диҳанд. Ба ҳама бигӯед, ки вазъам хуб аст", - гуфт ҳунарманди маъруф.

Дар ҳамин ҳол, Ҷумъахони Сайидалӣ, рӯзноманигори тоҷик, ки 35 сол ба ин сӯ робитаи наздик бо Ҳошим Гадо дорад ва ҳамарӯза вазъи сиҳии ӯро пайгирӣ мекунад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳунарманди маъруф ба "вируси корона" гирифтор шуда, вазъаш хуб нест.

"Ҳар рӯз бо он кас тилфонӣ суҳбат мекунам. Рӯзҳои аввал бардам сӯҳбат мекарданд, ҳоло садояшон хаста шудааст. Даргузашти устод Баҳманёр ин паёмро ба мо, қабл аз ҳама зиёиён, дод, ки бояд ба қадри бузургони миллати худ бирасем. Пас аз марги онҳо оҳу шеван фоида надорад. Устод Ҳошим ба пул ниёз надорад, зеро мухлисонаш зиёданд, ки ӯро дастгирии молӣ мекунанд. Ӯ ба таваҷҷӯҳи мо ниёз дорад", - гуфт Ҷумъахони Сайидалӣ.

Ҳошим Гадо 10 майи соли 1937 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда, соли 1960 Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский (ГИТИС) ва соли 1965 Курсҳои олии коргардонии ин институтро хатм кардааст.

Анвар Мирзоҳакими Олим - Sputnik Тоҷикистон
Мотам дар Иттифоқи нависандагон: Анвар Олим, муаллифи "Балогардон" даргузашт

Аз соли 1961 то имрӯз ҳунарпеша ва коргардони Театри академию драмавии Лоҳутии шаҳри Душанбе буда, аз соли 1963 дар синамо низ нақшофаринӣ кардааст.

Нақшҳои Сӯҳроб, Фердинанд, Ҳамлет, Хлестаков, Исмоили Сомонӣ, Эдип ва дигарон ба ӯ шӯҳрати зиёд овардааст. Дар театр "Эдип" - и Софокл ва "Рӯдакӣ" – и Сотим Улуғзодаро ба саҳна гузоштааст.

Дар беш аз 50 филми тоҷикиву хориҷӣ, назири “Набарди се шоҳ” (1990), “Ритсарҳои кӯли сиёҳ” (1983), “Рустам ва Сӯҳроб” (1971) , “Ситораи Улуғбек” (1964) ва ғайра нақш бозидааст.

Ҳошим Гадо пурунвонтарин ҳунарпешаи тоҷик аст. Танҳо нафарест, ки дар замони Шӯравӣ ҳам унвони Ҳунарпешаи мардумии СССР ва ҳам барандаи Ҷоизаи давлатии СССР – ро гирифтааст (1987).

Ӯ ҳамзамон Ҳунарпешаи мардумии ҶШС Тоҷикистон (1979), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1973) ва Арбоби ҳунари Тоҷикистон (2017) аст.

Бино ба ривоятҳо, шаҳбонуи Эрон Фараҳ Паҳлавӣ, ҳамсари Шоҳи Эрон Муҳаммадризо Паҳлавӣ, бозии Ҳошим Гадо дар намоишномаи "Рустам ва Сӯҳроб" - ро дар Театри Лоҳутӣ дида, сахт таҳти таъсир афтода, ҳатто гириста, аз ҳуш рафтааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала