Бо розигии Раҳмон: вакил Исмоилзода мансаби нав гирифт

© Sputnik / Алексей ДружининПортфель с документами
Портфель с документами  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зуфар Исмоилзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб гардид. Ӯ дар ин мақом Матлуба Амонзодаро иваз намуд, ки бо бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон ноиби сарвазир таъйин гардид

ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Исмоилзода Зуфар Муртазохон, вакил ва раиси Комиссияи экологии парлумони Тоҷикистон, бо розигии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб гардид. 

“Ҷаласа дар Раёсати КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, имрӯз соати 14:00 баргузор ва дар ҷараёни он ба таври овоздиҳӣ раиси нави кумитаи иҷроияи ҳизб интихоб ва муаррифӣ гардид”,- хабар доданд манобеи Sputnik Тоҷикистон.

Амонзода Матлуба Сатториён, ки аз декабри соли 2018, бо розигии роҳбари ҳизб Эмомалӣ Раҳмон, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб шуда буд, рӯзи 3 ноябри соли ҷорӣ муовини сарвазир таъйин гардид.

Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - Sputnik Тоҷикистон
Бародарзодаи сарвазир, бинокор, соҳиби 3 диплом: мансаби нави Зариф Назирӣ

Исмоилзода Зуфар Муртазохон, раиси нави КИ ҲХДТ дар Суғд, 1 январи соли 1964 дар деҳаи Қалъачаи ноҳияи Ғончӣ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1986 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)–ро бо ихтисоси филолог-шарқшинос ва соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Бар асоси ҳолнома, Исмоилзода донандаи забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва англисӣ буда, номзади илмҳои сиёсӣ мебошад. Ӯ пас аз адои хизмати ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фаъолияти меҳнатиашро соли 1988 ба ҳайси инструктор оғоз кардааст.

Хошим Гадо. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Аҳволаш хуб нест": Ҳошим Гадо аз "вируси корона" бистарӣ шудааст

Сипас дар мақомҳои мудири шуъбаи кор бо хонандагон, ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи ноҳиявии комсомоли Ғончӣ фаъолият доштааст.

Баъдан дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ аз ҷумла мудири бахши шуъбаи идеологии Ҳукумати Суғд, сардори Идораи кор бо ҷавонони Суғд, роҳбари Маркази аналитикӣ, мудири шуъбаи тайёр кардани кадрҳои коргарӣ ва мудири шуъбаи мактубҳо ва қабули шаҳрвандон дар ҳукумати Суғд кор кардааст. Исмоизода солҳои 2007-2011 раиси шаҳри Табошар (ҳозира Истиқлол) ва солҳои 2011-2015 раиси ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) буд.

Дар гузашта узви Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд (даъвати IV) ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ғончӣ (даъвати IV) буд. Солҳои 2015-2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум. Аз 1 – марти соли 2020 Зуфар Исмоилзода - раиси Комиссияи экологии порлумони кишвар интихоб шудааст.

Лентаи хабарҳо
0