Пешгӯии ҳавошиносон барои зимистони оянда дар Русия

Ҳавошиносон мегӯянд, зимистони оянда дар Русия нисбати зимистони гузашта хунуктар хоҳад буд, аммо сардиҳои шадид дар назар нестанд

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Дар Русия зимистони солҳои 2020-2021 аз меъёр гармтар нахоҳад шуд, изҳор дошт роҳбари  илмии Маркази обуҳавошиносӣ, Роман Вилфанд.

Ворота на въезде в Куляб - Sputnik Тоҷикистон
Вазорат гуфт бемористони шаҳри Кӯлоб пурра ба фасли зимистон омода шудааст

Ба гуфтаи ӯ калавишҳои ҳароратӣ метавонанд дар Сибири ғарбӣ ва миёна, минтақаи аврупоӣ ва ҳавзаи федералии Урал ҷой дошта бошанд, дар он ҷоҳо ҳарорат аз меъёр гармтар хоҳад шуд.

Дар баробари ин Роман Вилфанд таъкид намуд, ки сардиҳои шадид низ дар назар нестанд, аммо ҳаво нисбати соли гузашта хунуктар хоҳад буд.

Ӯ илова намуд, ки барфи аввал метавонад аллакай дар охири нимаи дуюми моҳи ноябр борад.

“Барф дар қисматҳои марказии аврупоии Русия то охири ҳафтаи равон ва нимаи аввали ҳафтаи оянда дақиқан нахоҳад буд”, - хабар дод Вилфанд.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон баръакс зимистони сардро пешгӯӣ карда, таъкид намуданд сардшавии ҳаво рӯзҳои наздик оғоз гардида, то 15 дараҷа хунукӣ хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала