Пул медиҳам, ба Русия роҳ диҳед: муҳоҷири тоҷикро ба додгоҳ мекашанд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкРуки в наручниках
Руки в наручниках - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як шаҳрванди Тоҷикистон марзи Русияро убур карда, кӯшиши додани 20 ҳазор рубл пора ба шахси мансабдор  кардааст, то вуруди ғайриқонуниашро созгор кунад

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Дар вилояти Новогородск як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба корманди Раёсати ФСБ Русия пора додааст, ба додгоҳ мекашанд, хабар медиҳанд расонаҳои маҳаллии Русия.

Финал конкурса красоты Мисс ФМР - Sputnik Тоҷикистон
Духтари тоҷик - зеботарин бону байни муҳоҷирон дар Русия: акс

Бино бар иттилои тафтишот, гумонбаршаванда - шаҳрванди Тоҷикистон, ки насабаш зикр намешавад, қонуни муҳоҷиратиро нақз карда, ғайриқонунӣ марзи Русияро убур кардааст.

Вуруди муҳоҷирро ба Русия ба мӯҳлати 10 сол маҳдуд кардаанд, аммо ӯ ҳангоми қарор доштанаш дар ҳуҷраи кории Раёсати ФСБ Русия дар шаҳри Чудов кӯшиш кардааст, ки барои ҳалли мушкилиаш ба корманди мақомот 20 ҳазор рубл пора диҳад.

Мардро дар ҷойи ҷиноят дастгир кардаанд.

Талабот меафзояд, коргар нест: норасоии муҳоҷирон нархи манзил дар Русияро афзоиш медиҳад

Муфаттишони шӯъбаи тафтишотии минтақавӣ тафтишоти парвандаи ҷиноиро нисбат ба шаҳрванди Тоҷикистонба анҷом расонида, парвандаро ба додгоҳ пешкаш кардаанд.

Ҳамин тавр, ин муҳоҷири тоҷик мутобиқи моддаи 291 қисми 3 Кодекси ҷиноии Русия суд мешавад.

Лентаи хабарҳо
0