Пашинян вазири умури хориҷии Арманистонро аз кор озод кард

© © Photo / official site of the Prime minister of RAВыступление премьер-министра Никола Пашиняна в Национально собрании (25 июня 2020). Еревaн
Выступление премьер-министра Никола Пашиняна в Национально собрании (25 июня 2020). Еревaн - Sputnik Тоҷикистон
Никол Пашинян, сарвазири Арманистон, аз истеъфои вазири умури хориҷии кишвараш, Зограб Мнатсаканян хабар дод

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Пашинян дар бораи истеъфои вазири умури хориҷии Арманистон зимни мулоқоташ бо вакилони фраксияи ҳоким, “Қадами ман” хабар дод.

Премьер-министр Армении Никол Пашинян - Sputnik Тоҷикистон
Пашинян худро ҷавобгар барои Қарабоғ хонду гуфт, пеши додгоҳи мардумӣ бояд муҳокима шавад

Қаблан Пашинян изҳор дошт, ки ҳанӯз дар соли 2016-ум Ереван нақша дошт, ки қисме аз қаламрав, аз ҷумла Шушаро ба идораи Боку диҳад. Аммо котиботи матбуотии Вазорати умури хориҷии Арманистон, Анна Нагдалян ин суханҳоро рад карда, изҳор дошт, ки дар ягон марҳилаи гуфтушунид дар масъалаи Қарабоғ масъалаи дасткашӣ аз шаҳр баррасӣ нашудааст.

“Ман тасмим гирифтам, вазири умури хориҷӣ аз кор озод карда шавад. Шуши чун пешшарти қатъи ҷанг дар баррасӣ буд ва ин далели раднашаванда мебошад. Вақте дар бораи раванди сулҳ мегӯянд, агар чунин гузинаи хуб вуҷуд дошт, чаро ин масъала тайи 30 соли охир ҳал нашуд ва тайи 2,5 соли охир низ?”, - хабар додаст РИА Новости аз қавли Пашинян.

Тибқи қонунгузории Арманистон, вазиронро бо пешниҳоди раиси Ҳукумат, раисиҷумҳур аз кор озод ва таъйин мекунад.

Дар навбати худ Нагдалян дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ аризаи истеъфои Мнатсаканян бо хоҳиши худро нашр намудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала