Путин президенти нави Молдоваро шодбош гуфт

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксКандидат в президенты, экс-премьер, лидер партии "Действие и солидарность" Майя Санду
Кандидат в президенты, экс-премьер, лидер партии Действие и солидарность Майя Санду - Sputnik Тоҷикистон
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, изҳори умед кард, ки ҳамкории Маскаву Кишинёв дар пайи пирӯзии Майя Санду дар интихобот густариш хоҳанд ёфт

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия,  роҳбари Ҳизби амалу ҳамараъйии Молдова, Майя Сандуро бо пирӯзияш дар интихоботи президентии ин кишвар шодбош гуфт.

Майя Санду  - Sputnik Тоҷикистон
Майя Санду дар интихоботи президентии Молдова Игор Додонро шикаст дод

Тибқи иттилои котиботи Кремл, Путин дар пайёмаш ба Санду умед ба рушди ҳамкории Русия ва Молдова кард.

“Умедворам, ки фаъолияти шумо дар мақоми роҳбарии Молдова боиси рушди созандаи ҳамкории кишварҳоямон мешавад. Ин бешубҳа ҷавобгӯи манофеи мардуми Русия ва Молдова мебуд”, - таъкид кард Путин.

Рӯзи якшанбеи 15 ноябр, давраи дуюми интихоботи президентии Молдова баргузор гардиданд. Рақибони асосӣ дар даври дуюм собиқ нахуствазир, роҳбари фраксияи “Амал ва ҳамраъйӣ”, Майя Санду ва раисиҷумҳури феълӣ Игор Додон шуданд.

Дар пайи ҳисоби 100 дарсади оро, Комиссияи марказии интихобот Сандуро бо 57,75 дарсади раъйи интихобкунандагон пирӯз эълон кард. Додон дар интихобот 42,25%-и овозҳоро ба даст овард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала