Ҳалокати пиёдагарду велосипедрон: ду садамаи мудҳиши марговар дар Тоҷикистон

CC0 / Pxhere / Велосипед на тропинке, архивное фото
Велосипед на тропинке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ду садамаи мудҳиш хабар дод, ки дар натиҷаи он як пиёдагарди 20-25-сола ва як велосипедрони 17-сола ба ҳалокат расидаанд

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, санаи 16-уми ноябри соли равон, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Абдураҳимов Ортиқҷон, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Зарафшон ба самти кӯчаи А.Синои пойтахт, як мардеро пахш намудааст.  

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бархӯрди маргбор: садама дар шоҳроҳи "Душанбе-Хоруғ" ҷони ду кӯдак ва ронандаро гирифт

Таъкид шудааст, ки ин мард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Гуфта шудааст, ки, шахсияти пиёдагарди пахшшуда то ҳол номаълум нест. Танҳо маълум аст, ки ӯ тахминан 20-25 сол доштааст. Барои муайян намудани шахсияти номбурда чорабиниҳо идома дорад.

Ҳамзамон ВУД Тоҷикистон хабар додааст, ки санаи 16-уми ноябр як ҳодисаи мудҳиши дигар дар 6-ум километри шоҳроҳи “Ваҳдат-Рашт-Лахш” рух додааст.

Қайд шудааст, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Ҷӯраев Маҳмадмусо, сокини ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Тоҷикобод ба самти шаҳраки Ғарм, дар ҳудуди 6-ум километри шоҳроҳи “Ваҳдат-Рашт-Лахш” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрон Идибеков Ҳикматуллои 17-соларо зер намудааст.

Номбурда донишҷӯи соли 2-юми Коллеҷи техникӣ будааст.

Гуфта шудааст, номбурда дар натиҷа ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

ВУД Тоҷикистон зикр кардааст, ки аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0