Чаро муовини вазири тандурустӣ ва намояндаи СҶБ бо раиси вилояти Суғд дидор карданд?

Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон ва намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт бо раиси вилояти Суғд вазъи санитарию эпидемиологӣ дар вилояти Суғд ва тақвият бахшидани корҳо дар самти пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19-ро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ, дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Самариддин Ализода ва намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон, Бахтигул Карриева бо раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дидору гуфтугӯ анҷом доданд.

Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон
Ҷаласаи Аҳмадзода барои пешгирии коронавирус: дар вилоят "дезинфексия" мекунанд

Манбаъ таъкид доштааст, ки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни вохурӣ иброз доштааст, ки давоми солҳои охир дар вилояти Суғд садҳо муассисаҳои хуштарҳу замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти ҳозиразамон  сохта ба истифода дода шудааст.

Аҳмадзода зикр кардааст, ки дар самти таъмини солимии аҳолӣ аз ҷониби мақомоти вилояти Суғд тадбирҳои муҳим  амалӣ  мешаванд ва корҳо дар ин самт минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.

Ҳамзамон зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба вазъи санитарию эпидемиологӣ дар вилояти Суғд ва тақвият бахшидани корҳо дар самти пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 табодули афкор карданд.

Таъкид шуд, ки роҳбарияти мақомоти вилояти Суғд барои пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 дар вилоят тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала