10 фармони ҷадиди Раҳмон: кӣ барканор шуду кӣ вазифа гирифт

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо судури 10 фармон роҳбарони чанд ниҳод ва раисони шаҳру вилояти Суғдро ҷо ба ҷо кард

ДУШАНБЕ, 18 ноя - Sputnik.Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз 18 ноябр директори Агентии назорати маводи нашъаовар Салимзода Шерхонро аз вазифа сабукдӯш кард. Ба иттилои котиботи президенти Тоҷикистон дар ин симмат Ҳабибулло Воҳидзода такя зад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Шерхон Салимзода, раиси Ожонси назорати маводи нашъаовари назди Президент - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: Раҳмон генерал Шерхон Салимзодаро аз мақом барканор кард

Кишвардори Тоҷикистон инчунин Ҳайдарзода Муртазоро аз вазифаи муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод кард.

Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Муҳаммадзода Маъруф низ аз вазифа озод шуд. Номбурда бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд барканор гардид.

Ҳамакнун Шарифзода Фирдавс иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд таъйин гардид.

Идомаи тағйироти кадрӣ: Президент бо як фармон се судяро барканор кард

Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Истаравшанро низ аз вазифа озод кард. Сабаби аз мансаб барканор шудани Қурбонзода Амирхон Файзулло гузаштан ба кори дигар рабт дода мешавад.

Ҳамчунин бо фармони Раҳмон, Маъмурзода Адҳам Маъмур иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд таъин шуда, Шарифзода Фирдавс  аз вазифаи раиси шаҳри Гулистонин озод карда шуд.

Манбаъ меафзояд, Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд таъин гардид.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала