Пайваста кӯмак кунед: ҳамдардии Раҳмон ба хонаводаи Алишери Муҳаммадӣ

Муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ имрӯз аз хонаводаи  шоир, мутарҷим, мунаққид, номзади илмҳои фалсафа, Алишери Муҳаммадӣ, ки дируз бар асари сактаи қалб фавтид, дидан кард

ДУШАНБЕ, 18 ноя - Sputnik.  Аз дастгоҳи марказии ҲХДТ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, Хайриниссо Юсуфӣ таъзия ва тасаллияти Раиси ҲХДТ, Эмомалӣ Раҳмонро ба модар, ҳамсар ва наздикону пайвандони  марҳум расонид.

Алишер Мухаммади, поэт, философ, переводчик, кандидат философских наук - Sputnik Тоҷикистон
Марги ман чист?: даргузашти шоир ва олим Алишери Муҳаммадии 43-сола

Манбаъ гуфт, ҳангоми боздид ба хонаводаи марҳум кӯмакҳо аз қабили маводҳои ғизоӣ расонида шуд.

Хайриниссо Юсуфӣ ба наздикони марҳум гуфтааст, ки ба фарзандони Алишери Муҳаммадӣ, ки ноболиғанд омодаанд, ки пайваста кӯмак намоянд.

Гуфта мешавад, ин иқдомҳо дар доираи барномаҳои ҳизб, ки дастгирии ниёзмандону эҳтиёљмандон дар меҳвари он қарор гирифта, татбиқ карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, Алишери Муҳаммадӣ, шоир, мутарҷим, мунаққид, номзади илмхои фалсафа, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, корманди сарредаксияи энсиклопедияи миллии тоҷик рӯзи гузашта дар синни 43-солагӣ аз олам даргузаш.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала