Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Вазорат марги як тоҷикистонии дигар аз коронавирусро тасдиқ кард

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузаштан ба хазинаи аксМедицинские работники и пациент в отделении интенсивной терапии ковид-госпиталя
Медицинские работники и пациент в отделении интенсивной терапии ковид-госпиталя - Sputnik Тоҷикистон
Бо илова шудани як ҳолати ахири фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон, шумораи умумии қурбониён ба 86 нафар баробар шуд

ДУШАНБЕ, 18 ноя - Sputnik. Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 42 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Гробы умерших от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар саросари ҷаҳон ҷони 1 миллиону 324 ҳазору 689 нафарро гирифт

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 18 ноябр 11 731 ҳолатро ташкил медиҳад.

"Дар як шабонарӯзи охир 44 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11 105  нафар баробар гардид.

Дар як рӯз: 13 ҳазор эронӣ ба коронавирус мубтало шуда, 486 бемор фавтиданд

Гузашта за ин, дар муддати зикргардида, дасти кам 86 мариз ҷон аз даст доданд.

Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ аз кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват мекунанд, ки дар замони пандемия эҳтиёткор бошанд ва риоя намудани қоидаҳои санитариро фаромӯш накунанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала