Анҷумани мусалмонони Русия барои муҳоҷирон пойгоҳи хабарӣ роҳандозӣ мекунад

© Фото : PixabayКлавиатура компьютера и мышь, архивное фото
Клавиатура компьютера и мышь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Маълумот дар ин пойгоҳи хабарӣ ба чор забон: забонҳои русӣ, тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва қирғизӣ пешниҳод мешавад

ДУШАНБЕ, 19 ноя - Sputnik. Анҷумани мусалмонони Русия барои ҳамаи мусалмонони кишвар новобаста аз миллату қавм торномаи хабарӣ роҳандозӣ мекунад, гуфт раиси Анҷумани мусалмонони Русия, муфтӣ Албир Крганов.

Ин торнома аз рӯзи чоршанбе - 25 ноябр ба кор оғоз мекунад.

"Рӯзи 25 ноябр пойгоҳи нави хабарӣ росмигрант.рф бо замимаҳои гуногун роҳандозӣ мешавад", - гуфт Крганов дар ҷаласаи парлумони ҷамъиятии Федератсияи Русия.

Муфтӣ қайд кард, ки маълумот дар ин пойгоҳ ба чор забон: русӣ, тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва қирғизӣ пешниҳод мешавад.

Мигранты в России - Sputnik Тоҷикистон
Дар Русия барои муҳоҷирони таксирон маҳдудият ҷорӣ мешавад

Дар баробари ин созмон барои муҳоҷирон китобе таҳти унвони "Азбука мигранта" - ро омодаи нашр кардааст.

Вилояти Твери Русия барои таъмини аҳолияш ба кор нархи патентро гарон кард

"Аз оғози тарҳи мазкур мо аз муҳоҷирон дархостҳои зиёде мегирифтем, айни ҳол ҳар рӯз 40 дархост қабул мекунем. Мо натанҳо ба таври фосилавӣ ба муҳоҷирон кумак мекунем ва маслиҳат медиҳем, балки дар худи масҷид низ ёриашон мерасонем", - шарҳ дод муфтӣ.

Қаблан Крганов қайд карда буд, ки ҷомеаи мусулмонон бояд ба муҳоҷирон "барои фаҳмидани қонунгузории Русия, қонунигардонӣ ва аз рӯи виҷдон зиндагӣ кардан" кумак кунад. Барои ин, созмон бо ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, сафоратхонаҳо, Вазорати корҳои дохилӣ ҳамкорӣ мекунад.

Ба гуфти ӯ, чунин корҳо ба пешгирии ифротгароӣ ва ҷинояткорӣ, таҳкими муносибатҳо байни миллатҳо ва динҳо ва мутобиқшавии фарҳангии муҳоҷирон, аз ҷумла тавассути омӯзиши забони русӣ мусоидат хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала