Туркия ба Тоҷикистон ғурфаҳои муосир тақдим мекунад

© Pixabay / epiciociПодпись документа, архивное фото
Подпись документа, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Интизор меравад, ки татбиқ намудани лоиҳаи мазкур ба мубодилаи мол миёни Тоҷикистон ва Туркия нақши муассир гузорад

ДУШАНБЕ, 19 ноя - Sputnik. Агентӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар назди дастгоҳи сарвазири Туркия (ТИКА) тасмим гирифтааст, то охири соли 2020 ба Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ғурфаҳои муосири намоишгоҳиро, ки аз 1100 метри мураббаъ иборат аст, тақдим намояд.

Дар маросими баимзорасонии Протокол, ки дар Душанбе доир гардид, ҳамоҳангсози ТИКА дар Тоҷикистон Иброҳим Эрбир гуфт, ки дар якҷоягӣ бо Палатаи савдо ва саноати  Тоҷикистон татбиқ намудани лоиҳаи мазкур ба мубодилаи мол миёни Тоҷикистон ва Туркия нақши муассир хоҳад гузош.

"Бо баргузории намоишгоҳҳои зиёди байналмилалӣ иқтидори мамлакат фаъол ва Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок тарғиб мегардад", - гуфтааст ӯ.

Гуфта мешавад, ғурфаҳои муосир, ки аз ҷониби ТИКА тақдим мегарданд, фаъолияти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистонро тақвият мебахшанд ва имконоти ҳамкории байналмилалии палатаро афзун менамоянд.

Здания Министерства культуры и Счетной палаты - Sputnik Тоҷикистон
Созиши Тоҷикистону Туркия барои поси хотири Мавлоно Балхӣ

Алҳол дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ тақрибан 500 метри мураббаъ ғурфаи намоишӣ мавҷуд буда, қисми зиёди онҳо корношояму фарсуда гаштаанд. Аз  ин рӯ, бисёр намоишҳои байналмилалӣ ё гузаронида намешаванд ё бо ширкати иштирокчиён дар доираи имконоти мавҷуда баргузор мегарданд.

Дафтари барномаи ТИКА дар Душанбе соли 1995 ба фаъолият шурӯъ намуда, тақрибан 400 лоиҳаи рушд ва ҳамкории техникиро дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, рушди деҳот, обтаъминкунӣ, таълими касбӣ ва баланд бардоштани иқтидори институтсионалӣ татбиқ намудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала