Портфели - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Усули домино: чаро дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ амалӣ мешавад?

Тағйироти кадрӣ дар ҳукумат ва дастгоҳи шаҳрдорон дар авохири сол дар Тоҷикистон ғайримаъмулӣ нест. Мебинем кӣ куҷо рафт ва сабаби чунин тағйиротҳои бузург дар чист

ДУШАНБЕ, 19 ноя - Sputnik. Рӯзи 18 ноябр дар Тоҷикистон тағйироти бузурги кадрӣ анҷом дода шуд, ки дар паи он мақомдорони ҳукуматӣ ҷо ба ҷо гузошта шуданд.

Тағйироти кадрӣ дар шаҳрдориҳо

Муҳаммадзода Маъруф аз вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд барканор шуд. Сабаб: гузаштан ба кори дигар.

Фирдавс Шарифзода, новый руководитель города Хучанд - Sputnik Тоҷикистон
Раиси 36-солаи шаҳри Хуҷанд: Фирдавс Шарифзода кист?

Ба ҷои ӯ раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода таъин гардид.

Дар курсии Шарифзода бошад, Бахтиёр Маҷидӣ такя зад.

Ҳамчунин Амирхон Қурбонзода аз вазифаи раиси шаҳри Истаравшан сабукдӯш ва ба ҷояш Адҳам Маъмурзода раҳбари ин шаҳр гардид.

10 фармони ҷадиди Раҳмон: кӣ барканор шуду кӣ вазифа гирифт

Ҳайати шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон низ иваз шуд. Ба ҷои муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода раиси шаҳри Истаравшан Қурбонзода таъин гардид.

Исмҳои нав дар дастгоҳи президенти Тоҷикистон

Як барканорӣ таъиноти дигар ва аз як вазифа ба вазифаи дигар гузарониданро дар пай дорад. Бо чунин "усули домино" дар дастгоҳи президент ва дигар мақомот низ тағйирот сурат гирифт.

Раиси Кумитаи меъмории назди Ҳукумати Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз ин вазифа сабукдӯш ва ба ҷояш Зувайдзода - муовини аввали шаҳрдори Душанбе таъин гардид.

Председатель Комитета по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан Ахтам Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон
Аз муовинии Озода Раҳмон то Идораи сирри давлатӣ: Абдуллозода кист?

Ҳамчунин Хайриддин Абдураҳимов нигаҳбони сирри давлатӣ низ бознишаста шуд. Вазифаи сардори Саридораи сирри давлатӣ чанде боз холӣ буд ва инак ба ин мансаб Абдуллозода Аҳтам такя зад.

Ӯ дар навбати худ курсии муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистонро холӣ монд.

Адҳам Маъмурзода аз вазифаи муовини сардори шӯъбаи маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, озод шуду барои раҳбарии Истаравшан рафт.

Тағйирот дар Агентии назорати маводи нашъаовар

Боз як бознишаста - Шерхон Салимзода пас аз адои хизмат дар вазифаи директори Агентии назорати маводи нашъаовар ба истироҳат рафт. 

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон генерал Шерхон Салимзодаро аз мақом барканор кард

Ин вазифаро Ҳабибулло Воҳидзода прокурори пешини вилояти Суғд гирифт.

Кишвардори Тоҷикистон инчунин Ҳайдарзода Муртазоро аз вазифаи муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод кард.

Ҳуқуқшинос, прокурор ва донандаи ду забон: ҷойгузини Шерхон Салимзода кист?

Мужчина закрывает портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тағйирот дар "команда"-и Рустами Эмомалӣ: Қурбонзода Амирхон кист?

Барканориҳои глобалӣ: барои чӣ ва ба кӣ лозим аст

Шокирҷон Ҳакимов сиёсатшинос ва ҳимоятгар дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, амалӣ кардани тағйироти кадрӣ дар арафаи Соли нав як анъана шудааст.

"Президент бо дарназардошти дастовардҳо ва нокомиҳо дар охири сол дар доираи ваколатҳои расмии худ раисони шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳоро аз вазифа сабукдӯш мекунад", - қайд кард коршинос.

Ҳакимов ҳамчунин қайд кард, ки тағйироти кадрӣ ба дигарбора интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба симмати раҳбарии давлат рабт дорад.

Ғайриимкон аст, бигӯем, ки натиҷаҳои ин тағйиротҳои кадрӣ метавонанд як навъ ҷаҳиши мусбат бошад, хулоса кард сиёсатшинос.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала