Таркиши 14 мушак назди сафорати Амрико дар Афғонистон: даҳҳо куштаву захмӣ

© Sputnik / JAKМесто покушения на вице-президента Афганистана в Кабуле
Место покушения на вице-президента Афганистана в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати кишвари Афғонистон аз шиллики 14 мушак ба наздикии сафорати Амрико дар ин кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik.Манобеи амниятӣ дар Афғонистон эълом карданд, ки субҳи имрӯз дастикам 14 мӯшак ба минтақаи дипломатнишини Кобул (минтақаи Вазир Акбархон) исобат кард ва дар пайи он занги хатари сафорати Амрико дар ин шаҳр ба садо даромад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Батальон солдат США загружается в военный самолет - Sputnik Тоҷикистон
Амрико ба зудӣ нерӯҳояшро аз Ироқ ва Афғонистон ихроҷ мекунад?

Дар пайи ин ҳамалот дастикам се тан кушта ва ёздаҳ нафар захмӣ шуданд.

Бисёре аз марокизи ҳассоси давлатӣ, аз ҷумла Арги раёсатҷумҳурии Афғонистон, дафотири бисёре аз муассисоти хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамчунин аксари сафоратхонаҳои хориҷӣ дар минтақаи Вазири Акбархони Кобул воқеъ шудааст.

Ҳамчунин бар асари инфиҷори бомби миғнотисӣ, ки субҳи имрӯз дар шарқи шаҳри Кобул рӯй дод, як низомӣ кушта ва се нафари дигар захмӣ шуданд.

То кунун фард, ё гурӯҳе масъӯляти ин ду ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст.

Шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон аз замони оғози музокироти сулҳ дар ду моҳи гузашта токунӯн шоҳиди даҳҳо инфиҷори террористӣ буда ва ин ҳамалот садҳо кушта ва захмӣ барҷо гузоштааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала