Хонандагон дар берун бе либоси гарм: барканории раҳбарияти мактаб дар Андиҷон

© Telegram / САФАРИФотография учеников школы №43 Андижана, которая распространилась по сети
Фотография учеников школы №43 Андижана, которая распространилась по сети - Sputnik Тоҷикистон
Мутахассисони гурӯҳи корӣ бо хонандагон суҳбат карда муайян намудаанд, ки онҳо барои аксбардорӣ дар ҳавои -2 дараҷа сардӣ бе болопӯш дар берун қарор доштаанд

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Директори мактаби рақами 43-юм Д. Насирдинов ва муовини директор оид ба корҳои маънавӣ ва тарбиявӣ С. Исмонов бо сабаби баромадани хонандагон дар сармо бе либоси гарм ба берун аз вазифаҳояшон барканор карда шуданд.

Афганские студенты на уроке - Sputnik Тоҷикистон
Донишҷӯёни Афғонистон аз ин ва баъд метавонанд дар донишгоҳҳои Ӯзбекистон таҳсил кунанд

Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба Раёсати маорифи халқи вилояти Андиҷон хабар медиҳад.

Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксе паҳн шуд, ки дар он хонандагони мактаби рақами 43 бидуни пӯшоки гарм ба берун баромадаанд. Блогерон ин мавзӯъро даррав пайгирӣ карданд. Яке аз онҳо Нозим Сафаров гуфт, ки кӯдаконро дар доираи барномаи тарғиботӣ ба берун баровардаанд. 

Барои омӯзиши ин ҳодиса комиссияи вижа ташкил шудааст.

Дар Раёсат қайд карданд, ки ин акс рӯзи 19 ноябри соли равон дар доираи сафари расмии гурӯҳи тарғиботӣ, ки аз олимон, кормандони фарҳангу санъат ва ҳамчунин фаъолони ҷомеъа иборат буд, гирифта шудаст.

Қайд мешавад, ки хонандагон барои тамошои онҳо ба долони мактаб баромадаанд. 

Раисҷумҳури Узбакистон шеваи бархӯрди вазирон бо хабарнигоронро шадидан интиқод кард

Мутахассисони гурӯҳи корӣ бо хонандагон суҳбат карда муайян намудаанд, ки онҳо барои аксбардорӣ дар ҳавои -2 дараҷа сардӣ бидуни либоси гарм дар берун қарор дошта ва баъдан муаллимон онҳоро ба синфхонаҳо даровардаанд.

Маъмурият аз роҳбарон, муаллимон ва кормандони маориф даъват кард, ки ба ҳар як донишомӯз ба мисли фарзанди худ муносибат кунанд ва нагузоранд, ки чунин ҳолатҳо ба саломатӣ ва амнияти онҳо таъсир расонанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала