Мақомот гуфт 90 дарсади пахтаи истеҳсолшуда ба хориҷ аз кишвар содирот мешавад

CC0 / Pixabay / Хлопок, архивное фото
Хлопок, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон эълон кардааст, ки танҳо 10 дарсади пахтаи чидашуда дар дохили кишвар коркард мешавад ва бақия ба шакли хом ба хориҷ содирот хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Масъулони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар доданд, ки имсол беш аз 461 ҳазор тон пахта аз заминҳои кишт бардошт шуда, ки баробар бо 96,6 дарсад аз барномаи давлатӣ аст, иттилоъ додааст сомонаи Топ Тҷ.

Сбор хлопка в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Мастчоҳи пешқадам: нақшаи истеҳсоли пахта аз 100 дарсад ҳам гузашт

Пахта яке аз муҳимтарин маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Туркия, Русия ва Чин харидорони аслии пахтаи Тоҷикистон ҳастанд, ки пас аз табдили пахтаи Тоҷикистон ба либосу порча ин колоҳоро ба Тоҷикистон содир мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, кишоварзони тоҷик муътақиданд, ки дар сурати хариди ҳар килограм пахта аз онон ба қимати 6,5 то 7 сомонӣ метавонанд ба судоварии ин маҳсул умедвор бошанд.

Ин дар ҳоле аст, ки қимати пахта дар вилоятҳои Хатлону Суғд байни 5 то 5,5 сомонӣ аст, ки танҳо ҳазина кошту бардошти ин маҳсулро ҷуброн мекунад ва фоидаи чандоне барои кишоварзон боқӣ намегузорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала