Даргузашти полковник Фазлиддин Дамонов: собиқ комиссари ҳарбии шаҳри Хуҷанд

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон
Фазлиддин Дамонов, полковники эҳтиётӣ ва собиқ комиссари ҳарбии ноҳияи Спитамен дар синни 57 – солагӣ аз дунё даргузашт

ДУШАНБЕ, 24 ноя – Sputnik. Шарифҷон Азизов, узви шӯрои собиқадорони хизмати ҳарбии вилояти Суғд бо тайиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Дамонов барои истироҳату табобат ба шаҳри Сургути Русия сафар карда буд, вале дирӯз ҷон ба Ҳақ таслим кард.

“Дамонов аз собиқдорони Артиши кишвар маҳсуб мешуданд ва аз имтиёз барои истироҳату табобати ройгон бархурдор буданд. Ахиран ба шаҳри Сургути Русия сафар карда буданд. Хабар доданд, ки дирӯз баъд аз зуҳр бандагӣ кардаанд. Ҷояшон ҷанат бод, ба пайвандонашон сабри ҷамил хоҳонем”, - зикр кард Азизов.

Як манбаъи наздик ба хонаводаи полковник гуфт, ки Дамонов вақтҳои охир аз бемории гурда ранҷ мекашид ва аз ҳемодиализ - дастгоҳи сунъии гурда истифода мебурд.

Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Мотам дар прокуратура: прокурори ноҳияи Зафаробод даргузашт

Ӯ, аз собиқадорони вазорати мудофияи кишвар буда, то соли 2013 минҳайси комиссар дар як чанд шаҳру навоҳии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Дамонов Фазлиддин Наҷмиддинович, 9 сентябри соли 1963 дар ноҳияи Москва (ҳозира Мир Саид Ҳамадонӣ) - и вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Соли 1984 Донишкадаи олии ҳарбии ба номи маршали Иттифоқи советӣ Конев И. С., воқеъ дар шаҳри Алмато (ҳоло Нурсултон) - и Қазоқистонро хатм кардааст. Ба хизмати сарбозӣ дар дивизияи панҷуми тирандозӣ дар кишвари Афғонистон сафарбар шуда, ибтидо командири взвод ва баъдтар муовини командири рота фаъолият намудааст.

Аз соли 1986 то 1990 ба сифати ёвари комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷ кор кардааст. Солҳои 1990 -1995 ибтидо сардори шуъбаи 2 - юм ва баъдан комиссари ҳарбии ноҳияи Вахш таъин гардидааст.

Аз апрели соли 1995 то декабри соли 2001 комиссари ҳарбии шаҳри Исфара, то соли 2005 комиссари ҳарбии шаҳри Хуҷанд, аз соли 2006 то 2009 дар шаҳри Чкалов (ҳоло Бӯстон) ва аз соли 2009 то 2013 то комиссари ҳарбии ноҳияи Спитамен (пештара Нов) кор карда, аз ин симат ба нафақа баромадааст.

Ҷанговари байналмиллалӣ дорандани ордери "Ситораи сурх" буда бо 7 медали ҷашнӣ қадрдонӣ шудааст. Қарор аст, ҷанозаи Дамонов аз шаҳри Сургут ба Ватан оварда шавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала