Худкушии 9 сарбози австралиягӣ пас аз ифшо шудани бедодгарии онҳо дар Афғонистон

© U.S. Army / Sgt. Connor MendezСолдаты спецназа США (зеленые береты) в Афганистане. Архивное фото
Солдаты спецназа США (зеленые береты) в Афганистане. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пас аз ошкор шудани ҷиноятҳои содиркардаи сарбозони австралиягӣ дар хоки Афғонистон, 9 тан аз онҳо даст ба худкушӣ заданд

ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Давоми се ҳафтаи охир дар Австралия дасти кам 9 сарбоз даст ба худкушӣ заданд, хабар медиҳад The Daily Mail.

Террористы в Афганистане. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Ҷазира барои Толибон": ҳамла аз Туркманистон бар Афғонистон буд ё не?

Ба иттилои манбаъ, сарбозон пас аз ошкор шудани ҷиноятҳои содиркардаи онҳо дар Афғонистон сӯиқасд ба ҷони худ намуданд.

Дар мавриди бедодгариҳои сарбозони австралиягӣ дар Афғонистон, Фармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар Ангус Кэмпбелло гузориши вижа омода намуд ва ҳамаи ҷиноятҳои содиркардаи сарбозонро ифшо кард.

Дар гузориши таҳиянамудаи ӯ, маълумот дар мавриди қатли 39 сарбози афғон ва сокинони осоишта давоми солҳои 2005 - 2016 ҷамъоварӣ гардидааст.

Деги ҷӯшони Афғонистон: аз ихроҷи нирӯҳои Амрико кӣ бурд мекунад

Гуфта мешавад, ҳудуди 400 нафар шоҳидӣ додаанд, ки ин теъдод ҷиноятҳоро маҳз сарбозони Австралия дар Афғонистон содир карданд.

Манбаъ меафзояд, нахустин бор дар таърих давоми ҳамагӣ се ҳафта, шумораи зиёди сӯиқасд ба ҷон сабт гардидааст.

Гуфта мешавад, пас аз гузориши Кэмпбелло 8 мард ва 1 зан даст ба худкушӣ заданд. Ҳарчанд ҳанӯз ҳеҷ далели даст доштани онҳо дар куштори сарбозон ва сокинони осоиштаи Афғонистон вуҷуд надорад, вале тафтишот гунаҳгор будани онҳоро истисно намекунад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала