Муҳандисони низомии Русия ба сӯи Қарабоғи Кӯҳӣ парвоз карданд- навор

Обуна шудан
Муҳандисони низомии Русия ба минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ равон шуданд. Ҳавопаймои Ил-76 вазорати дифои Русия муҳандисони низомӣ, булдозер, мошинҳои боркаш ва дигар таҷҳизоти лозимаро ба минтақаи Қарабоғи Кӯҳи интиқол дод

Гуфта шудааст, ки ҳавопаймои Ил-76 вазорати дифои Русия муҳандисони низомиро ба минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ расондааст. Ҳавопаймо аз фурудгоҳи вилояти назди Маскав парвоз кард ва таҷҳизоти лозимаро ба Ереван интиқол дод.

Войны в Карабахе можно было избежать: откровенное интервью Путина - видео - Sputnik Тоҷикистон
Ин филм нест, балки фоҷиа аст: мусоҳибаи Путин дар бораи ҷанги Қарабоғ - видео

Ёдрас мешавем, ки вазъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ дар охири моҳи сентябр шиддат гирифт. Рӯзи 9 ноябр миёни роҳбарони Русия Озарбойҷон ва Арманистон созишнома дар бораи оташбас дар минтақа ба имзо расид.

Сулҳбонони Русия дар Қарабоғ дар ҳошияи созишномаи имзокардаи Русия, Арманистон ва Озарбойҷон қарор доранд. Ба ин минтақа, Русия ҳудуди 2 ҳазор низомияшро ирсол кардааст. Мувофиқи созиш сулҳбонони Русия дар минтақа 5 сол мемонанд ва пас аз он истиқрорашонро автоматӣ тамдид мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0