Вазир ва муовинаш ба тафтиши беморхонаҳои шаҳри Душанбе баромаданд

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевМиристр здравоохранения Таджикистана Джамолиддин Абдуллозода
Миристр здравоохранения Таджикистана Джамолиддин Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо мақсади аз наздик шинос шудан бо вазъи беморхонаҳо ва марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои кишвар гаштҳои рӯзона ва шабонаро ба роҳ мондаанд

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон шахсан аз рафти фаъолияти Маркази тиббии шаҳрии №1-и шаҳри Душанбе дидан намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ниҳод.

Миристр здравоохранения Таджикистана Джамолиддин Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон
Вазири фаъол: чаро Абдуллозода аз беморхонаҳои шаҳрҳои Бохтар ва Леваканд дидан кард?

Бино бар иттилои манбаъ, зимни боздид вазири тандурустии кишвар бо фаъолияти  муассисаи мазкур аз наздик шинос шуда, оид ба рафъи мушкилиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Гуфта шудааст, ки вазир дар ҳамин муассиаи тиббӣ бо чанд беморон дидору гуфтугӯ кард.

Инчунин манбаъ, таъкид доштааст, ки шаби 22 ноябри соли равон муовини вазири тандурустӣ Зулфия Абдусаматзода аз рафти  хизматрасонии шӯъбаи таваллудхонаи Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ва як қатор шӯъбаҳои таваллуди беморхонаҳои шаҳри Душанбе дидан намуд.

Вазорат зикр кардааст, ки муовини вазир бо фаъолияти шӯъбаҳои таваллуд, шинос шуд ва бо наздикону пайвандони беморон низ вохурӣ кард.

Қайд карда шудааст, ки зимни вохурӣ по беморон вобаста ба хизматрасонии тиббӣ суҳбат намуданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала