Эълони номзадҳо ба беҳтарин футболбоз, дарвозабон ва мураббии соли 2020

© AFP 2023 / Pau BarrenaАргентинский футболист Лионель Месси
Аргентинский футболист Лионель Месси - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Федератсияи байналмилалии футбол, ФИФА дар сомонаи расмиаш номзадони беҳтарин футболбоз, дарвозабон ва мураббии соли 2020-ро барои соҳиб шудан ба ҷоизаи The Best эълон кард

ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Номзадон дар бахши Ҷоизаи “Беҳтарин бозигар” Тиаго Алкантара (“Бавария”/ “Ливерпул”), Криштиану Роналду (“Ювентус”), Кевин де Брюйне (“Манчестер Сити”), Роберт Левандовски (“Бавария”), Садйо Мане (“Ливерпул”) мебошанд.

Дастгирӣ аз варзишкорони рус барои иштирок дар олимпиада  - Sputnik Тоҷикистон
Ситораҳои ҷаҳонии варзиш аз иштироки тамринкорони рус дар олимпиадаҳо дастгирӣ карданд

Ба иттилои сомонаи “Варзиш”, дар ин бахш инчунин Килиан Мбаппе (“ПСЖ”), Лионел Месси (“Барселона”), Неймар (“ПСЖ”), Серхио Рамос (“Реал”), Муҳаммад Салоҳ (“Ливерпул”), Вирҷил ван Дейк (“Ливерпул”) номзад шудаанд.

Дар риштаи ҷоизаи “Беҳтарин дарвозабон” номзадҳо Алиссон (“Ливерпул”), Тибо Куртуа (“Реал”), Кейлор Навас (“ПСЖ”), Мануэл Нойер (“Бавария”), Ян Облак (“Атлетико”), Марк-Андре тер Стеген (“Барселона”) мебошанд.

Барои ҷоизаи “Беҳтарин мураббӣ”  Марсело Бқелса (Аргентина / “Лидс Юнайтед”), Ханс-Дитер Флик (Олмон / “Бавария Мюнхен”), Юрген Клопп (Олмон / “Ливерпул”), Хулен Лопетеги (Испания / “Севиля”), Зинедин Зидан (Фаронса / “Реал Мадрид”) сабқат мекунанд.  

Манбаъ афзуд, маросими ҷоизасупории беҳтарин футболбози сол,  рӯзи 17 декабр баргузор мешавад, дар робита бо пандемияи коронавирусӣ, чорабини мазкур онлайн дар шакли виртуалӣ баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0