Шаҳрдори нави Исфара муаррифӣ шуд: Баҳодурзода Баҳоваддин Баҳодур кист?

© Пресс-секретарь города ИсфараМэр города Исфара Баходурзода Баховаддин Баходур
Мэр города Исфара Баходурзода Баховаддин Баходур - Sputnik Тоҷикистон
Субҳи имрӯз дар толори мақомоти шаҳри Исфара шаҳрдори нави Исфара аз ҷониби муовини Сарвазири Тоҷикистон Сатториён Матлубахон ва муовини аввали раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар муаррифӣ шуд

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои Иқбол Тешаев, сухангуи шаҳрдории Исфара гуфт, ки дар ибтидо муовини сарвазири Тоҷикистон Сатториён Матлубахон ҳозиринро бо фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар бораи ба вазифаи иҷрокунандаи раиси шаҳри Исфара таъин шудани Баҳодурзода Баҳоваддин Баҳодур шинос кард.

Бояд гуфт, ки шаҳрдори қаблии шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим бинобар ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳр озод шуд ва ба ҷои ӯ Баҳодурзода Баҳоваддин Баҳодур иҷрокунандаи ҳамин вазифа таъин шуд.

Баховаддин Баходурзода, исполняющий обязанности председателя города Исфара - Sputnik Тоҷикистон
Сулаймонзода рафту Баҳодурзода омад: раиси нави шаҳри Исфара кист?

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Баҳодурзода Баҳоваддин Баҳодур зикр намудааст, ки ӯ дар фаъолияти минбаъдаи меҳнатиаш ба ҳайси раиси шаҳри Исфара тамоми донишу малака ва маҳорату таҷрибаи худро барои ободонӣ ва шукуфоии ин шаҳр равона сохта, сазовори боварии ҳам мардум ва ҳам роҳбарияти ҷумҳурӣ хоҳад гашт.

Сулаймонзода рафту Баҳодурзода омад: раиси нави шаҳри Исфара кист?

Манбаъ иттилоъ додааст, ки Баҳоваддин Баҳодурзода 10 феврали соли 1976 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1999 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Баҳоваддин Баҳодурзода фаъолияти меҳнатиашро соли 1999 ба ҳайси мутахассиси Раёсати адлияи вилояти Суғд оғоз намуда, сипас дар солҳои гуногун дар вазифаҳои машваратчии Раёсати адлияи вилояти Суғд, машваратчии калони Раёсати адлияи вилояти Суғд, муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд ва нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов кор кардааст.

Аз соли 2013 то 14 феврали соли 2019 дар вазифаи сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд фаъолият дошт. Бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 14 феврали соли 2019 муовини Раиси вилоят таъин гардидааст.

Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: Юлдошзода сардори Сарраёсат ва Собиров сартабиб шуд

Рӯзи 24-уми ноябри соли 2020 бо Фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба мансаби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара таъин шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала