Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Рекорд: сабти беш 27 ҳазор ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID - 19 дар Русия

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкВ России запустили проект по разработке вакцины от коронавируса
В России запустили проект по разработке вакцины от коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар давоми шабонарӯзи гузашта дар Русия теъдоди рекордии гирифторӣ ба бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Дар 85 минтақаи Руси давоми 24 соати гузашта 27 543 ҳолати нави гирифторӣ ба маризии COVID - 19 ба қайд гирифта шудааст.

Российская вакцина от коронавируса Спутник V доставлена в Венгрию для клинических исследований - Sputnik Тоҷикистон
Куреи Шимолӣ хостааст ваксинаи алайҳи коронавирусро аз Куреи Ҷанубӣ дуздад

Суръати афзоиши сироятёбӣ дар кишвар то 1,3 дарсад боло рафтааст.

Дар давоми шабонарӯзи гузашта аз ин вабои аср 496 кас ҷон бохта ва 26 ҳазор нафар шифо ёфтааст.

Аз рӯи шумораи бештарин беморон Максав бо 7918 нафар дар ҷои аввал меистад. Баъд Санкт-Петербург 3687 (шумораи рекордӣ барои пойтахти шимолӣ), вилояти Маскав - 1058, Нижегород - 459, вилояти Свердлов -  399, Карелия - 388, вилояти Архангел - 361 ва Хабаровск - 337.

Олимон таъсири манфии дуркориро ба саломатии инсон муайян карданд

Дирӯз ситоди фаврӣ аз сироят шудани 25 487 кас хабар дода буд. Ҳамин тавр, аз аввали ҳамагирии коронавирус то кунун дар Русия 2 215 533 кас мубталои COVID - 19 шуда, 38,5 ҳазор ҳалок ва беш аз 1,71 миллион нафар шифо ёфтааст.

Маҳдудиятҳои дар Маскав ҷоришуда то 15 январ тамдид карда шуданд: дар байни онҳо - низоми худҷудоӣ барои одамони аз гурӯҳи хавфи баланд, дуркории 30 дарсади корманди ширкатҳо ва манъи фаъолияти шабона (барҳо, тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо ва клубҳо).

Тибқи омори СҶБ, шумораи сироятёфтагон дар ҷаҳон аз марзи 60,3 миллион гузашта, беш аз 1,4 миллион нафар фавтидаанд.

Тибқи ҳисоботи Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ( дар ҷаҳон 12,88 миллион ҳолат ба қайд гирифта шудааст), Ҳиндустон (9,3 миллион) ва Бразилия (6,2 миллион).

Пасон: Фаронса, Русия, Испания, Британияи Кабир, Италия, Аргентина ва Колумбия ҷой гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0