Даргузашти Ғайратполвон

© Sputnik / Александр Полегенько / Гузариш ба медиабонкМусульманин в мечети, архивное фото
Мусульманин в мечети, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Устоди варзиш, Ҳукуматшо Ғайратов, ки асри гузашта дар навоҳии ҷумҳурӣ ҳамчун Ғайратполвон машҳур буду аз ӯ пири гӯштини мардуми Ванҷ ном мебаранд, имрӯз даргузашт

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Ҳукуматшо Ғайратов, устоди варзиши Тоҷикистон, устоди аксари паҳлавонҳои зодаи ноҳияи Ванҷ имрӯз дар синни 80-солагӣ даргузашт.

18-летний игрок национальной и молодежной сборных Таджикистана Ислом Зоиров - Sputnik Тоҷикистон
Футболбози ҷавони тоҷик Ислом Зоиров имкон дорад бозигари “Химки” -и Русия шавад

Тибқи иттилои сомонаи Ванҷ.инфо, Ҳукуматшо Ғайратов, яке аз беҳтарин намояндагони насли миёнаи гӯштигирон, соли 1940 дар деҳаи Лахши деҳшӯрои Водхуд дар оилаи корманди колхоз ба дунё омадааст.

Манбаъ афзуд, ки санъати гӯштигирии Ҳукуматшо Ғайратов махсусан солҳои дар факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Т.Г.Шевченкои шаҳри Душанбе таҳсил гирифтанаш сайқал ёфт.

“Дар охири солҳои 50 ва ибтидои солҳои 60-уми асри гузашта, ӯ дар тамоми маъракаҳои расмию ғайрирасмии гӯштии ҷумҳурӣ ширкат варзида, дар аксари онҳо дастболо мешуд”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукуматшо аз соли 1968 инҷониб ба ҳайси мураббии ҷавонони шавқу шуғли варзишдошта дар ноҳияи Ванҷ хизмат мекард ва қариб тамоми паҳлавонони баъди солҳои 60-ум дар ноҳияи Ванҷ, таълимгирифта аз мактаби варзишии ӯ мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0