Даромади ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон 2,4 дарсад афзоиш ёфтааст

Обуна шудан
НовостиTelegram
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфтааст, дароматди ширкатҳои мухобиротии кишвар дар зарфи нуҳ моҳи соли равон афзоиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 28 ноябр - Sputnik. Даромади ширкатҳои мухобиротӣ дар Тоҷикистон, давоми нуҳ моҳи гузашта, бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи кишвар, 2,4 дарсад афзудааст, хабар медиҳад “Авеста”.

Прохожие на улице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти алоқа гуфт, дар Тоҷикистон чӣ қадар истифодабарандаи интернету симкорт ҳаст

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра ширкатҳои мухобиротӣ 1 миллиарду 970,9 миллион сомонӣ (174,4 миллион доллар) ба даст оварданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 46,1 миллион сомонӣ зиёд аст.

Ҳамзамон, даромади оператори миллии мухобиротӣ (Тоҷиктелеком), Корхонаи воҳиди давлатии "Почтаи Тоҷик" ва воҳидҳои Хадамоти алоқа 24,5 дарсад коҳиш ёфтанд - аз 146,5 миллион сомонӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли гузашта то 110,6 миллион сомонӣ дар ҳамин давраи соли ҷорӣ.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳиссаи ширкатҳои  хусусӣ дар бозори хизматрасонии алоқа 94,4 дарсадро ташкил дод.

То 1 октябри соли равон шумораи корбарони Интернет дар Тоҷикистон каме бештар аз 3,1 миллион муштарӣ ва шумораи корбарони алоқаи мобилӣ беш аз 5,9 миллион нафарро ташкил доданд, ки беш аз 5,2 миллион муштариёни фаъол мебошанд, афзудааст, манбаъ.

Хадамоти алоқа гуфт, чаро нархи интернет гарону суръаташ суст аст

Гуфта мешавад, ки даромади ширкатҳои мобилии хусусӣ дар кишвар солҳои охир мунтазам коҳиш ёфта, соли гузашта, он тақрибан 5 миллион сомонӣ поин рафтаву каме бештар аз 2,4 миллиард сомониро ташкил доданд.

Лентаи хабарҳо
0