Зокирзода гуфт, имконоти истифоданашудаи ҳамкории Тоҷикистону Украина зиёданд

Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, бо Василий Серватюк, сафири фавқуллода ва мухтори ҷумҳурии Украина густариши ҳамкориҳоро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Маҳмадтоир Зокирзода дипломати Украинаро ба парлумони кишвар хайра мақдам гуфта, роҷеъ ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон маълумот додаст.

Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон
Владимир Зеленский гирифтори коронавирус шуд

Ӯ афзудааст, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳои мо дар доираи принсипҳои боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва равобити расмӣ асос ёфтаанд.

Аз масоили меҳварии мулоқот муносибатҳои байнипарлумонии  Тоҷикистону Украина будааст.

“Аз суръати рушди ҳамкории дуҷониба дар баъзе соҳаҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Украина ҳанӯз хеле зиёданд”, - омадааст дар иттилоия.

Зикр шудааст, ки заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Украинаро санадҳои зиёде  ташкил медиҳад, ки самтҳои мухталифи ҳамкории ду кишварро фаро мегирад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала