Эрон аз СҲШ хостори муҳокимаву муҷозоти муртакибони террори Муҳсини Фахризода шуд

Сафири Эрон дар Чин дар номае ба дабири кули Созмони Ҳамкории Шанхай аз вай хост, аз тамоми зарфиятҳои дипломатӣ ва қонунии ин созмон ба манзури кумак ба шиносоӣ ва муҳокимаву муҷозоти муртакибони террори шаҳид Муҳсини Фахризода истифода кунад

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории ИРНА, дар остонаи баргузории нишасти сарони созмони Шанхай, Муҳаммади Кишоварззода, сафири Эрон дар Чин дар номае хитоб ба Владимир Норов, дабири кули Созмони Ҳамкории Шанхай бо ишора ба террори яке аз барҷастатарин донишмандони эронӣ дар сояи сукӯт ва беамалии ҷомеаи байналмилалӣ таъкид кардааст: "ин ҷиноят аввалин маврид аз ин дасти набуда ва дар идомаи сиёсатҳо ва иқдомоти ғайриқонӯнӣ ва хасмонаи бархе давлатҳо алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар террори донишмандон ва нухбагони эронӣ аст".

Место гибели иранского физика-ядерщика Мохсена Фахризаде - Sputnik Тоҷикистон
"Падари барномаи ҳастаии Эрон" кушта шуд: кӣ аз марги Муҳсин Фахризода манфиатдор аст

Дар идомаи ин нома омадааст: яке аз аҳдофи аслӣ аз ташкили Созмони Ҳамкории Шанхай, ки Эрон низ ба унвони узви нозир дар он ҳузур дорад, талоши ҷамъии мутааҳҳидонаи кишварҳои узв барои таъмини амният ва субот дар минтақаи Авруосиёва муқобила бо таҳдидоти ношӣ аз тероризм, ҷудоиталабӣ ва ифротгароӣ аст.

Сафири Эрон дар Чин таъкид кардааст, акнун дар шароите, ки бархе кишварҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ бо иртикоби ҷиноёти мухталиф саъй дар афзоиши танишҳо ва моҷароҷӯиҳои хатарнок дар ғарби Осиё доранд, шоиста аст Созмони Шанхай зимни маҳкумияти иқдоми террористии ахир, аз тамоми зарфиятҳои дипломатӣ ва қонунии дар ихтиёри худ ба унвони як созмони байналмилалӣ барои кумак ба шиносоиува муҳокимаи муртакибон ва омирону ҳомиёни давлатӣ ва ғайридавлатии ин амали муҷримона ва ҷилавгирӣ аз такрори он дар оянда истифода кунад.

19- умин нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай рӯзи душанбе дар Деҳлии Нав баргузор ме‌шавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала