Тоҷикистон дар рейтинги FIFA як зина боло рафт

© AP / Steffen SchmidtЛоготип ФИФА, архивное фото.
Логотип ФИФА, архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Созмони ҷаҳонии футбол (FIFA) рейтинги нави дастаҳои аъзояшро нашр кард, ки дар он дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон аз мавқеи 122-юм як зина боло рафта, дар ҷойи 121-ум қарор гирифтааст

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Тими миллии Гвинея Бисау дар ин рейтинг аз Тоҷикистон пештар ҷой гирифтааст, аммо дастаи Қазоқистон баъди Тоҷикистон дар ин феҳраст қарор гирифтааст.

Рақобати мунтахаби футболи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Мунтахаби футболи Тоҷикистон мавқеашро дар рейтинги ФИФА аз даст дод

FIFA эълон кардааст, ки Тоҷикистон аз моҳи гузашта панҷ имтиёзро аз даст додааст ва холҳояш ба 1143 расидааст.

Дар рейтинг чун моҳи пеш дастаи мунтахаби Белжик бо 1780 имтиёз пешсаф аст.

Зинаи дуюмро Фаронса (1755) ва сеюмро Бразилия (1743) аз худ кардаанд. Дастаи мунтахаби Англия дар зинаи чорум аст. Ба даҳгонаи тимҳо Портуғол, Испониё, Оржентин, Уругвай,  Мексико ва Итолиё ворид шуданд.

Аз дастаҳои осиёӣ Ҷопон пешсаф аст, ки бо 1502 имтиёз дар зинаи 27-ум ҷой гирифтааст. Аз дастаҳои собиқ Шӯравӣ Украина имтиёзи бештар дорад (1528) ва  дар ҷойи 24-юм аст.

Дастаи мунтахаби Русия баъд аз шикасти бузург аз Сербистон (0:5) панҷ зина поён рафта, аз зинаи 34-ум ба 39 кӯч кардааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала