Дари масоҷид дар Туркманистон ҳамоно баста мемонад

© Sputnik / Станислав Корытников / Гузаштан ба хазинаи аксФрагмент мечети Юсуфа Хамадани (XVI в.) в древнем городе Мерве, Туркменистан
Фрагмент мечети Юсуфа Хамадани (XVI в.) в древнем городе Мерве, Туркменистан - Sputnik Тоҷикистон
Ба хотири пешгирӣ аз густариши ҳамагирии коронавирус дар Туркманистон дари масоҷид то 1 январи соли 2021 баст боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дар Туркманистон, ки то ҳол расман вируси корона ба қайд гирифта нушадааст, дари масҷидҳо ва зиёратгоҳҳо "то охири сол" бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ "баста хоҳад буд", - менависад торномаи "Туркменпортал" бо истинод ба муфтиёти кишвар.

"Маҳдудиятҳо барои масҷидҳо ва зиёратгоҳҳои Туркманистон, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷорӣ карда шудаанд, то 1 январи соли 2021 тамдид карда мешаванд", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамзамон дар масҷидҳо ҳар рӯз панҷ маротиба азон садо дода, мусалмононро барои адои намоз даъват мекунад.

Манбаъ таъкид мекунад, ки "ин чораҳо тибқи қарори Комиссияи Фавқулодаи Туркманистон оид ба мубориза бо бемориҳо аз 26 августи соли 2020 андешида шудаанд".

Масҷидҳо ва зиёратгоҳҳои Туркманистон ҳанӯз рӯзи 13 июл баста шуданд.

Тибқи гузориши ҳукумат, дар Туркманистон ягон ҳолати COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамзамон, дар кишвар пӯшидани ниқоб ҷорӣ шуда ва як қатор маҳдудиятҳо, аз ҷумла барои муассисаҳои динӣ ҷорӣ карда шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала