Маълум шуд, “Сомон Эйр” моҳи декабр ба Белорусия чанд парвоз анҷом медиҳад

CC BY 2.0 / Papas Dos / P4-SOM B739(ER) Somon Air DME UUDDСамолет компании "Сомон Эйр", архивное фото
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” тасмим дорад, моҳи декабри соли ҷорӣ  дар хатсайри Душанбе-Минск-Душанбе иҷрои 10 парвози махсусро ба нақша гирифтааст.

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ширкат, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми убури марз бояд бо худ нусхаи аслии маълумотномаи тиббии гирифтор набудан ба COVID-19-ро (PCR-тест) бо забонҳои русӣ, белорусӣ ва ё англисӣ дошта бошанд.

Самолет авиакомпании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Чипта 42 евро: “Сомон Эйр” парвозҳои масири Душанбе-Хуҷанд-Душанберо барқарор кард

Манбаъ мегӯяд, мусофироне, ки тариқи Минск парвозҳои транзитӣ анҷом медиҳанд, бояд бо худ чиптаи нуқтаи ниҳоии сафар ва маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (натиҷаи манфии PCR-тест)-ро дошта бошанд.

Тибқи талабот кулли мусофирон бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.

Мувофиқи дастури Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мусофирони ба Тоҷикистон воридшаванда бояд бо худ маълумотномаи мубтало набудан ба COVID-19 - натиҷаи манфии PCR-тестро, ки давоми 72 соат қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд.

Гуфта мешавад, хоҳишмандони сафар барои хариди чипта ва гирифтани маълумоти иловагӣ ба маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоӣ ва Агентии алоқаи ҳавоӣ муроҷиат намоянд.

"Сомон Эйр" сабаби гаронии нархи чипта барои парвозҳои чартериро шарҳ дод

Ин ширкат санаҳои 10 парвозашро ҳоло нашр накардааст.

Ёдовар мешавем, ширкат дар ин масир моҳи гузашта 4 парвози чартерӣ анҷом дода буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала