Болоравии еврою доллар ва коҳиши қурби сомонӣ: эълони арзиши асъор барои имрӯз

© Sputnik / Амир ИсаевНациональный банк Таджикистана
Национальный банк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 2-уми декабр эълон кард

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1483 сомонӣ нишон дода шудааст.

Доллары США - Sputnik Тоҷикистон
Дурнамои норушан: долларро дар охири соли 2020 чӣ интизор аст

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.6278 то 13.6000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Хариду фурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 0.1483 то 0.1494 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1455 то 0,1510 сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1490 то 0.1525 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1490 то 0,1515 сомонӣ нишон дода шудааст.

Раиси Бонки миллӣ сабаби боло рафтани қурби долларро гуфт: кори ҳаннотон маҳдуд мешавад

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала