Пирӯзии тими Хатлон-1 дар мусобиқаи ҷумҳуриявии бадминтон

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз анҷоми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар риштаи бадминтон хабар додааст

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита, зимни сабқатҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе аз ҳама зиёд варзишгарони тими Хатлон-1 медал гирифтанд.

Главный тренер команды «Истиклол» Виталий Левченко - Sputnik Тоҷикистон
Виталий Левченко беҳтарин мураббии футбол дар Тоҷикистон дониста шуд

Манбаъ аз қавли Федератсияи бадминтони Тоҷикистон тавзеҳ додааст, ки мусобиқа миёни наврасон дар се синну сол байни духтарону писарон, 12-13-сола, 14-15-сола, 16-17-сола баргузор шуд.

"Дар мусобиқа беш аз 100 варзишгар дар ҳайати дастаҳои Душанбе, Хатлон-1, Хатлон-2, Суғд, ВМКБ, Рашт ва шаҳру навоҳии тобеи марказ ширкат карданд", - омадааст дар иттилоия.

Кумитаи олимпӣ таъкид намуд, ки варзишгарони дастаи Хатлон-1 маҳорати баланд нишон дода, бештари медалҳо, аз ҷумла 7 тилло, 9 нуқра ва 1 биринҷиро ба даст оварданд.

"Тими Душанбе сазовори 3 медали тилло, 2 нуқра, 1 биринҷӣ гардид. ШНТМ - 2 тилло, як нуқра, 1 биринҷӣ, Рашт - 2 тилло, 1 биринҷӣ, ВМКБ - 1 тилло, 5 биринҷӣ, Суғд - 3 нуқра, 5 биринҷӣ ва Хатлон-2 як медали биринҷӣ ба даст оварданд", - илова намуд манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала