Раҳмон: мо бо нигаронӣ вазъи Афғонистонро пайгирӣ мекунем - навор

Обуна шудан
Роҳбари давлат гуфт, чунин вазъият аз мо аксуламалҳои саривақтии ҳамаҷонибаро, аз ҷумла тавассути андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати таҳкими ҳифзи сарҳадоти ҷанубии СААД, тақозо менамояд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти СААД аз вазъи Афғонистон гуфт.

Кишвардори Тоҷикистон зикр кард, ки дар баробари ин, таҳдидҳои ҷаҳонии терроризм, ифротгароӣ, инчунин, шаклҳои гуногуни тундгароӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ бо шумули гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, тамоюли болоравиро доранд.

Боевик Хамза Вазиристани, один из организаторов терактов в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон
Ҷазои фаврӣ: ташкилкунандаи ҳамлаи хунини Ғазнии Афғонистон дар амалиёти ҳавоӣ кушта шуд

“Нерӯҳои мухталифи террористиву ифротгаро аз ниятҳои харобиовари худ даст накашидаанд ва дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла бевосита дар наздикии мавзеи масъулияти СААД, фаъолона амалҳои худро идома медиҳанд”, - қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.
Вай афзуд, ки Тоҷикистон бо нигаронӣ раванди ташвишовари вазъият дар Афғонистонро, аз ҷумла дар минтақаҳои шимоливу шарқии он, пайгирӣ менамояд.

Ба дасти Толибон супориданд: Амрико Афғонистонро тарк мекунад

Роҳбари давлат гуфт, чунин вазъият аз мо аксуламалҳои саривақтии ҳамаҷонибаро, аз ҷумла тавассути андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати таҳкими ҳифзи сарҳадоти ҷанубии СААД, тақозо менамояд.

Ҳамзамон вай таъкид дошт, ки дар пасманзари вазъияти муташанниҷи имрӯза дар ҷаҳон аҳамияти тақвият бахшидан ба иқтидори СААД барои муқовимати самарабахш ба хатару таҳдидҳои амниятӣ дучанд меафзояд.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки пас аз ҷаласаи имрӯза вазифаҳои раёсат дар СААД ба Тоҷикистон мегузаранд.

Лентаи хабарҳо
0