Виталий Левченко беҳтарин мураббии футбол дар Тоҷикистон дониста шуд

© ФФТГлавный тренер команды «Истиклол» Виталий Левченко
Главный тренер команды «Истиклол» Виталий Левченко - Sputnik Тоҷикистон
Шарики расмии Лигаи футболи Тоҷикистон Ширкати байналмилалии букмекерии “Parimatch” беҳтаринҳоро аз рӯи нишондиҳандаҳои инфиродӣ дар мавсими 2020-и Лигаи олӣ муайян кардааст

ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Аз рӯи фарзияи "Parimatch" сармураббии дастаи  "Истиқлол"-и  Душанбе Виталий Левченко, ки дастаро дар ин мавсим чемпиони Лигаи олӣ намуд, беҳтарин мураббии Чемпионати Тоҷикистон эътироф гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон.

ФК Истиклол - Sputnik Тоҷикистон
Рейтинги клубҳои AFC: мавқеъҳои нави "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

Тибқи иттилои манбаъ, қаблан  ширкати байналмилалии букмекерии "Parimatch" бозингари дастаи футболи "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан Илҳом Баротовро беҳтарин футболбози мавсим ва дарвозабони дастаи футболи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе Рустам Ятимовро беҳтарин дарвозабон муайян карда буд.

Ҳамчунин муҳофизатгари украинии дастаи "Истиқлол" Алексей Ларин беҳтарин муҳофизатгар, бозингари шинохтаи  дастаи футболи  "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд Фатҳулло Фатҳуллоев беҳтарин ниммуҳофизатгар ва ҳамлавари дастаи футболи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе Манучеҳр Ҷалилов беҳтарин ҳамлавари Лигаи миллӣ аз рӯи фарзияи "Parimatch" дониста шуданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала