Дар шаҳри Турсунзода беш аз 300 ҳазор гул мешинонанд

Масъулини шаҳри Турсунзода мегӯянд, дар мавсими сабзазоркунии 2020-2021 шинондани беш аз 300 ҳазор гулу қаламчаҳоро ба нақша гирифтаанд

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Дар шаҳри Турсунзода барои шинонидани гулҳои садбарг ва дигар буттагулҳои ороишӣ, инчунин ташкили гулгаштҳо дар шоҳроҳ ва ҳудуди шаҳр омода намудани беш аз 314 ҳазору 700 бех гул ва қаламчаҳо ба нақша гирифта шудааст.

Боғҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикобод майдони боғҳо зиёд мешаванд

Лоиқ Раҳмонов, сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода, гуфт омода намудани қаламчаро аллакай оғоз кардаанд.

“Мутобиқи иқлими мо мавсими омода намудани қаламчаи гули садбарг аз нимаи моҳи ноябр оғоз мегардад, зеро то ин вақт бех ва гули садбарг пухта расида, зимни буриш ниҳол осеб намебинад”, - навиштааст “Ховар” аз қавли Раҳмонов.

Манбаъ афзуд, барои тибқи талаботи аграрӣ буридани гулҳо ва омода кардани қаламча, мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода дар байни намояндагони корхонаву ташкилот, муассисаву хоҷагиҳои шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуда, барои дуруст амалӣ намудани усулҳои маъмули парвариш ва афзун намудани гули садбарг тариқи қаламча тавсияҳо пешниҳод намуданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала