Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон боздошт шуд

Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки гуфта мешуд, чанд рӯз боз нопадид гаштааст, боздошт шудааст

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дастгир шуд, хабар дод раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров.

Ба иттилои манбаъ, Одинаевро имрӯз соати 11 мақомот боздошт кардаанд.

"Имруз соати тахминан 11.00 Маҳмурод Одинеав боздошт шуд. Сабаби боздошт шуданаш ҳоло маълум нест", - менависад вай.

Раҳматилло Зойиров аз мақомот хостааст, ки сабаби боздошт шудани муовинашро шарҳ диҳанд.

Пештар Зойиров дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон гуфта буд, ки Маҳмурод Одинаев, аз худ хабар дод, ки зинда аст.

 Ба гуфтаи раҳбари ин ҳизб, ӯ ҳангоми фирор аз як амалиёти маъмурони интизомӣ пойлуч будааст, ки зимни гурехтан пойҳояшро хунук задааст.

Мақомот мегуфтанд, ки дар бораи нопадид шудани Одинаев хабар надоранд.

Аммо Зойиров гуфта, буд, "наметавонад, пинҳон монад ва бояд табобати худро давом диҳад. Ба Маҳмурод Одинаев лозим аст, ки таслим шавад ва дар куҷо буданашро хабар диҳад”.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала