Эмкунии оммавӣ алайҳи COVID-19 дар Маскав оғоз ёфт – видео

Дар шаҳри Маскав эмкунии ройгон ва ихтиёрӣ алайҳи коронавирус ва барои пешгирии он оғоз ёфт

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Дар пойтахти Русия 70 маркази эмгузаронӣ ба кор шурӯъ кард. Онҳо дар заминаи беморхонаҳои шаҳрии калонсолон кушода шуданд.

Раскрыта причина низкой стоимости российской вакцины от COVID-19 - YouTube - Sputnik Тоҷикистон
Чаро ваксинаи сохти русӣ алайҳи COVID - 19 гарон нест? - навор

Пеш аз ҳама, кормандони муассисаҳои тиббиву таълимӣ, инчунин кормандони хадамоти иҷтимоии шаҳр ваксина мегиранд.

Сабти электронии эмгузаронӣ дар Маскав аз 4 декабр боз аст. Дар соатҳои аввал беш аз панҷ ҳазор нафар барои эмгузаронӣ номнавис шуданд.

Президенти Русия Владимир Путин дастур додааст, ки эмкунӣ барои гурӯҳи одамони зери хатар на дертар аз 7 декабр оғоз шавад. Сергей Собянин шаҳрдори пойтахт ният дорад, ки тақрибан 7 миллион сокини шаҳрро эм кунад.

Маҷористон ваксинаи Русия алайҳи коронавирусро дастрас кард - акс

Тибқи иттилои ситоди марказии 6 декабр, дар Маскав аз оғози пандемия коронавирус дар 647,5 ҳазор нафар сокинон ошкор шудааст.

Табиби рус хатарноктарин паҳнкунандаҳои коронавирусро гуфт

Табибон қариб 491 ҳазор беморро аз ин беморӣ табобат карданд. Ҳамзамон, 9,3 ҳазор нафар қурбони ин беморӣ шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала