Аз Русия ба Тоҷикистон ҳашт қатора гандуми тухмии гурӯҳи элита ворид карда шуд

CC0 / Pixabay / Пшеница
Пшеница - Sputnik Тоҷикистон
То 21 ноябри соли равон аз Русия ба Тоҷикистон ҳашт қатора (вагон) гандум бо ҳаҷми 526 тонна ворид гардида, 350 тоннаи он ба хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дастрас гардидааст

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Маълум шуд, Вазорати кишоварзии Тоҷикистон имсол чӣ миқдор гандум ва дигар намуди ғалладона захира намудааст.

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии Вазорати кишоварзӣ, имсол дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии Тоҷикистон 45 ҳазору 268,8 тонна гандум, 480,8 тонна шолӣ, 6 ҳазору 444,1 тонна дигар ғалладонагиҳо, 751,0 тонна лӯбиёгиҳо, 1083,3 тонна ҷуворимакка ва 36697,7 тонна картошкаи тухмӣ захира шудааст.

Вазири кишоварзии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ  - Sputnik Тоҷикистон
Вазири кишоварзӣ аз коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ гуфт

Гуфта мешавад, ки тухмипарварӣ яке аз самтҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, дар истеҳсолоти кишоварзӣ мавқеи асосӣ дорад.

Афзун намудани истеҳсоли зироати кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо аз истифода бурдани тухмиҳои сертификатсияшуда вобастагии калон дорад. Вазифаи асосии тухмипарварӣ таъмин намудани хоҷагиҳо бо тухмии сертификатсияшуда, нигоҳ доштани тозагии навъҳо ва хусусиятҳои биологии онҳо мебошад.

Ба иттилои Корхонаи воҳиди давлатии "Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон", имсол  корхона бо ширкати Агрохимияи Федератсияи  Русия оид ба ворид намудани гандуми тухмии  гурӯҳи элитаи  навъҳои "Московская-56", "Московская-39"  ва "Мироновская – 808" шартнома ба имзо расонид.

Нархи дастрас ва фоидаи хуб: рушди лимӯпарварӣ дар шаҳри Кӯлоб

Цистерна с нефтью, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Маълум шуд саҳми воридоти сӯзишворӣ, гандум ва орд ба Тоҷикистон чиқадар аст

То 21 ноябри соли равон ҳашт қатора (вагон) гандум бо ҳаҷми 526 тонна ба ҷумҳурӣ ворид гардида, 350 тоннаи он ба хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дастрас гардид.

Мувофиқи апробатсия дар ҷумҳурӣ барои кишти тирамоҳии соли 2020 гандуми навъи "Московская-39" ба миқдори 878,7 тонна, аз он R2-461,3 тонна, R3-291,4 тонна ва 126 тонна тухмии шартӣ мебошад. Ҳосилнокӣ ба ҳисоби миёна 40,0 с/га мебошад.                             

Навъи гандуми "Московская-56" (Eristrospermum) 356/00, ки бо роҳи интихоби инфиродӣ аз комбинатсияи мураккаби гибридӣ ба даст оварда шудааст. Барои истеҳсол дар соли 2008 тасдиқ шудааст.

Манбаъ афзуда, ки ҳоло тибқи рӯйхати мавҷуда гандуми воридкардашуда, ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсим шуда истодааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала