Нархи дастрас ва фоидаи хуб: рушди лимӯпарварӣ дар шаҳри Кӯлоб

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Лимӯпарварони хоҷагии деҳқонии "Сумая" мегӯянд, таҷрибаи андӯхтаи хешро ба дигар сокинони деҳа меомӯзонанд, то лимӯпарварӣ дар гармхонаҳо рушд ёбад

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Лимӯпарварӣ чун бахши сердаромади соҳаи кишоварзӣ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳоли рушд аст.

Дар деҳаи Навободи шаҳри Кӯлоб саҳмдорони хоҷагии деҳқонии "Сумая" дар ду садяк замин гармхона бунёд намуда, дар он 25 ниҳоли лимӯ парвариш менамоянд, - менависад АМИТ "Ховар".

Чӣ гуна кишоварзони тоҷик лимӯ мепарваранд? - видео

Гуфта мешавад, ки лимӯпарвариро хоҷагидорон бо истифодаи усулҳои нави аграрӣ пеш бурда, аз деҳқонони варзида таҷриба омӯхтаанд.

"Ниҳолҳои лимӯ пурбор буда, аллакай як қисми ҳосилро дар бозору марказҳои савдо ба фурӯш баровардаанд. Масоҳати умумии гармхонаҳо дар худуди ҷамоати деҳоти Кӯлоби шаҳри Кӯлоб сол аз сол бештар гардида, хусусан дар фасли тирамоҳу зимистон хоҷагидорон дар қатори дигар маҳсулоти кишоварзӣ лимӯ низ ба бозор ворид менамоянд ва аз фурӯши он фоидаи хуб ба даст меоранд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки бо зиёд шудани хоҷагиҳои лимӯпарвар ва меҳнати аҳлонаи марди деҳқон солҳои охир лимӯ дар бозорҳои сатҳи ҷумҳурӣ фаровон гардида, бо нархи дастрас пешниҳоди аҳолӣ шуда истодааст.

Раиси вилояти Хатлон муовинонашро ба шаҳри Кӯлоб фиристод, то "омӯзанд"

Лимӯпарварони хоҷагии деҳқонии "Сумая" иброз медоранд, ки таҷрибаи андӯхтаи хешро ба дигар сокинони деҳа меомӯзонанд, то лимӯпарварӣ дар гармхонаҳо рушду инкишоф ёбад.

Лентаи хабарҳо
0