Тӯйхона мотамхона шуд: мошини домод замони барои арӯс рафтан дучори садама шуд

© акс аз саҳифаи фейсбукии Талабшо ТалбиевСадамаи мошини Домод дар Ҷиргатол
Садамаи мошини Домод дар Ҷиргатол - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар роҳи Ғарм-Ҷиргатол мошини ҳомили домод ҳангоми барои арӯс рафтан ба садама дучор шудааст

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Бино ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон, садамаи маргбор паеш аз зуҳри имрӯз дар самти Ғарм- Лахш (Ҷиргатол) дар ҳудуди деҳаи Пилдон рух додааст.

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мотам дар оилаи Шодиев: ҳалокати падар бо ду фарзанди хурдсолаш дар садамаи нақлиётӣ

Манбаъ гуфт, номзади шаҳ аз Ҷиргатол буд ва барои оварданаш ба он ҷой мерафтанд.

Ба иттилои манобеъ, дар пайи садамаи нақлиётӣ аммаи домод дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, худи домод ва ронанда, дар ҳолати вазнин ба беморхона расонида шудаанд.

“Дар мошин домод бо аммааш Ҳотамова Аҳлиннисо ва ронанда амакбачааш, ки номаш Ҳотамов Дилшод аст, буданд. Аммаш гузаштанд ва домоду ронанда ба беморхона бурда шуданд”,-афзуд, манбаи Sputnik Тоҷикистон.

Ин манбаъ гуфт, ҳолати домод ва ронанда низ вазнин арзёбӣ мешавад, бинобар ин ба бемористони ноҳияи Ғарм овардаанд

Ҳалокати донишҷӯю табиб: ду садамаи маргбор дар Душанбею Шуғнон

Дар ин бора ҳоло мақомоти расмии минтақавӣ иттилоъ надодаанд.

Лентаи хабарҳо
0