Хатари маргбор: ба киҳо хӯрдани мандарин мумкин нест?

CC0 / Pixabay / Мандарины
Мандарины - Sputnik Тоҷикистон
Барои бархе нафарон хӯрдани мандарини зиёд метавонад боиси гирифтоӣ ба беморҳои ҷиддӣ шавад, ҳушдор медиҳанд пизишкон 

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Корманди калони илмии Маркази федералии тадқиқотии озуқа ва биотехнология, номзади илмҳшои тиббӣ, парҳезшинос Олга Григорян дар сӯҳбат RT гуфтааст, ки хӯрдани мандарин ба киҳо мамнӯъ аст.

Ба гуфтаи вай, бо далели зиёд будани ҳаҷми фруктоза дар меваҳои ситрусӣ, метавонад ба андом таъсири манфӣ дошта бошад.

Гамбургер, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар замони пандемия аз кадом ғизоҳо бояд парҳез кард - тавсияи пизишк

"Нафароне, ки хароб шудан мехоҳанд, нафароне ки фарбеҳанд, диабети қанд доранд, вояи ин меваҳоро бояд назорат кунанд. Ба ин нафарон дар як рӯз бештар аз ду мандарин мумкин нест", - таъкид кардааст коршинос.

Вай таъкид кардааст, ки махсусан барои онҳое, ки аллегия доранд ин мева хавфнок аст. Дар онҳо меваҷот метавонад боиси гирифтор шудан ба аллергия ва ё обрезиши бинӣ шаванд. Аз ҳама хатарнокаш натиҷаи хӯрдани ин мева ба аллергикҳо метавонад нафасгирӣ шавад, ки марговар аст.

Ҳамчунин ба кӯдакон низ аз меъёр зиёд хӯрдани ин мева хатарнок аст.

Вай афзуд, ки ба беморони меъда низ хӯрдани мандарин метавонад зараровар бошад. 

Ба гуфтаи парҳезшиносон, нафароне ки бемор нестанд, дар як рӯз то 4 мандаринро истеъмол карда метавонанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала