Русия ба донишҷӯёни хориҷӣ кӯмак карданист

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкХостел, архивное фото
Хостел, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Феълан Вазорати маорифи кишвар кӯшиш дорад, бо шаҳрвандони хориҷие, ки натавонистанд бо далели ҳамагирии коронавирус вориди кишвар шаванд, корро ба роҳ монад

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik.  Вазорати маориф ва таҳсилоти олии Русия нақша дорад, ки бо ректорони донишгоҳҳо кӯмаки иловагии иҷтимоӣ ба донишҷӯёни хориҷиро баррасӣ кунад.

Иностранные студенты во время лекции на кафедре паталогической анатомии имени академика А.И. Струкова - Sputnik Тоҷикистон
Се роҳ: вазири маорифи Русия гуфт, донишҷӯёни бандмондаи хориҷӣ чӣ кор кунанд

Ин пеш аз ҳама ба донишҷӯёни хориҷие дахл дорад, ки дар Русия қарор доранд, хабар додааст вазири маориф Валерий Фалков.

"Мо худи ҳамин ҳафта бо тамоми  ректорҳои Русия ин мавзӯъро баррасӣ мекунем. Кадом кӯмакҳои иловагии иҷтимоиро расонида метавонем ва дар масъалаи дониҷӯёни бандмонда низ кор бурда истодаем, мебинем, ки чиро метавон ба нақша гирифт ва кард", - изҳор дошт Фалков.

Вазорати маорифи Русия мегӯяд, ягон донишҷӯйи хориҷӣ хориҷ нашудааст

Вай афзудааст, ки феълан вазорат бо донишҷӯёне, ки бо далели коронавирус ба Русия омада натавонистанд, тариқи филиалҳои донишгоҳҳои ҳамкор ва намояндагии Россотрудничества корро ба роҳ монданист.

Лентаи хабарҳо
0