Садамаи пурқурбонӣ: “Тойота” таҳти идораи ронандаи 19-сола ба дарахтон бархӯрд

© Sputnik Машина милиции в Таджикистане, архивное фото
Машина милиции в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи дигари пурқурбонӣ хабар дод, ки шаби 6 декабр дар роҳи Душанбе – Ваҳдат рух додааст

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, мошини ҳомили 5 мусофир, аз ҷумла ду кӯдак, таҳти идораи ронандаи 19-сола дар роҳи Душанбе – Ваҳдат ба дарахтон бархӯрдааст.

Садамаи мошини Домод дар Ҷиргатол - Sputnik Тоҷикистон
Шарҳи расмии садамаи мошини домод ҳангоми арӯсбиёрӣ: Дилшод ҳам гузашт

Манбаъ афзуд, садама, ки ду кушта ва чор маҷруҳ барҷой гузошт, тахминан соати 22:00 рух дод.

“Ронандаи “Тойота-Хелуксер”, Абдусаломзода Муҳаммад, сокини 19-солаи шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти пойтахт ба шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахтони канори роҳ бархӯрдааст”, - омадааст дар иттилоия.

ВУД мегӯяд, дар пайи бархӯрд ронанда Абдусаломзода ва яке аз мусофирон, Сайфулоева Сайёра, сокини 28-солаи шаҳри Ваҳдат, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

“Мусофирони дигараш - Ҷумъаев Мансур, соли таваллудаш 1960, Юнусова Аврия, соли таваллудаш 1963, ноболиғ Самиаллоҳи Аслан, соли таваллудаш 2014 ва хурдсол Ҷумъаева Фахрия, соли таваллудаш 2016, сокинони шаҳри Ваҳдат ба саломатиашон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд”, - илова намуд манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0