Вазорат: ҳозир дар Тоҷикистон 501 нафар гирифтори коронавирусанд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкМедицинский работник в спецзащите в отделении реанимации и интенсивной терапии
Медицинский работник в спецзащите в отделении реанимации и интенсивной терапии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, теъдоди гирифторони коронавирус аз оғози хуруҷи ин беморӣ дар кишвар ба 12 ҳазору 469 нафар расид

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, шабонарӯзи гузашта 49 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шуд.

В Москве началась массовая вакцинация от COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон
Эмкунии оммавӣ алайҳи COVID-19 дар Маскав оғоз ёфт – видео

Теъдоди бемороне, ки рӯзи гузашта аз коронавирус шифо ёфтанду аз беморхонаҳо мураххас шуданд, 48 нафарро ташкил медиҳад.

Вазорати тандурустӣ афзуд, аз 12 ҳазору 469 беморе, ки аз охири апрел то шоми 7 декабр ба қайд гирифта шуданд, 11 ҳазору 881 нафар шифо ёфтанд.

Манбаъ таъкид намуд, ки тайи шабонарӯзҳои охир теъдоди фавтидагон аз ин маризӣ афзоиш наёфта, ҳамоно 87 нафарро ташкил медиҳад.

Бар асоси омори ироанамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон айни ҳол дар ҷумҳурӣ 501 нафар гирифтори коронавирус мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0